Ҷаласаи якуми ташкилоти ибтидоии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар донишкада баргузор гардид

Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада ҷаласаи якуми ташкилоти ибтидоии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон зери роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар соли 2022 баргузор гардид.

Ҷаласаро нахуст раиси ташкилоти ибтидоии  донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ  ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо шарофати талошҳои пайваставу иқдомҳои ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон устувор гардид ва имрӯз хушбахтона мо дар фазои сулҳу салоҳ зиндагӣ менамоем.

Сипас, ба масъалаҳои муҳими ташкилоти ибтидоӣ пардохта, изҳор доштанд, ки зарур аст, ки имсол тамоми раёсати ташиклоти ибтидоии  Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аз нав интихоб карда шаванд ва тибқи нақшаи тасдиқгардида, ҳама ҷаласаҳо ба таври васеъ ва фарогирии донишҷӯён гузаронида шавад.

Ҳамзамон, дар ин рӯз нақшаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраҳои минбаъда баррасӣ карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи имрӯза муовинони ректор, роҳбарони сохторҳо ва дигар аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳаракати мазкур ширкат намуданд.

Шуъбаи иттилоот