Ҷаласаи фаврӣ роҷеъ ба даъвати баҳории наваскарон бо ширкати профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамроҳ бо раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Ҷалолзода Миршакар ҷаласаи фаврӣ роҷеъ ба даъвати баҳории  наваскарон ба  сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд. Дар ҷаласаи мазкур, муовини аввал ва муовинони дигари ректор, деканҳои факултет ва дигар сардорони шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеаву шуъбаи дуюм ширкат намуданд.

Дар ҷалсаи мазкур оид ба тарбияи меҳандӯстӣ, хештаншиносӣ сухан рафта, таъкид карда шуд, ки ҷавонон ва донишҷӯёне, ки  ихтиёрӣ мехоҳанд, унвони баланди сарбозро соҳиб шаванд, номнавис карда шаванд.

Сипас, дигар паҳлӯҳои роҳҳои ҳавасмандсозӣ ва барномаву самтҳои тарбиявӣ баррасӣ карда шуд.

Шуъбаи иттилоот