Дарси кушоди муаллими калони кафедраи фанҳои умумитехникӣ Ҳомидова Р.В.

Санаи 01.04.2022с. тибқи нақша, дарси кушоди муаллими калони кафедраи фанҳои умумитехникӣ Ҳомидова Р.В. дар синфхонаи 312 баргузор гардид. Дарси кушод аз фанни «Ҷузъҳои мошинҳо» барои гурӯҳи 420101-04т, бахши – 2, доир ба мавзӯъи «Ҳисоби таҳвилҳои фриксионӣ» гузаронида шуд.

         Қайд карда шуд, ки соддатарин таҳвили  фриксионии аз ду чарх (дискҳо, ғилдаракҳо, роликҳо)-и баҳам расанда иборат буда, гардиши яке  аз чархҳо, чархи дуюмро аз ҳисоби қувваи соиши дар ҷои расиш ба амал оянда, ба гардиш медарорад.

Таҳвилҳои фриксиониро аз руи аломатҳои зерин тасниф медиҳанд:                                                                                           

  • аз руи таъиноташон: нисбати ҳаракатгузаронии шартан доимӣ  ва нисбати ҳаракатгузаронии  тағйирёбанда – вариаторҳо;                                                  
  • аз рӯи ҷойгиршавии тири навардҳо: силиндрикӣ – тири навардҳо мувозӣ ҷойгиршуда ва конусӣ- тири навардҳо буранд;
  • аз рӯи шароити корӣ: кушод (беравғанкунӣ) ва пӯшида ( кор дар дохили корпуси равғандор);
  • аз рӯи принсипи корашон: реверсивӣ ва ғайриреверсивӣ.

Дар дарси кушод омўзгор Ҳомидова Р.В. якҷоя бо донишҷўён аз рўи нақшаи кинематики таҳвил: а) ҳаракатгузаронии таҳвили фриксионии силиндрикӣ; б) диаметри чархи баранда; в) ҳаракатгузаронии воқеии  таҳвили фриксионї; г) масофаи байни тирҳо; ва д) зуддии гардиши наварди баромади таҳвили фриксионї, муайян карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузор намудани дарси кушод ин баланд бардоштани дониши техникии донишҷӯён ва истифода бурдани он дар амалия мебошад.