Сафари гурӯҳи кории омӯзгорон ба КМ “Зарафшон” дар шаҳри Панҷакент

Тавре, ки қаблан иттилоъ дода будем, дар донишкада вохӯрии муовини аввали ректор Насриддинов З.З. бо муовинони корхонаи муштараки “Зарафшон” сурат гирифа буду он ҷо масоили ҳамкории донишкада бо ин корхона баррасӣ шуда буд.  Ва барои идомаи ин мулоқоту гуфтугӯҳо зери роҳбарии муовини аввали ректор Насриддинов Замониддин як гурӯҳ омӯзгорон бо ҳамроҳии раёсати Донишкадаи Конфутсий ба ин корхона сафар намуда, аз корхона ва дигар таҷҳизотҳо аз наздик ошно гардиданд. 

Ҳамчунин, дар ин сафар вобаста ба ҳамкорӣ ва ҷалби донишҷӯён ба кор дар ин корхона гуфтушунид сурат гирифт.