Ҷаласаи фаврии профессор Умарҷонов А. роҷеъ ба пешбурди корҳои илмӣ

Дирӯз, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо тибқи дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ  ҷаласа гузаронид, ки дар он  сардорони шуъбаву бахшҳо ва  мудирони кафедраҳо ширкат намуданд. Дар ҷаласаи мазкур вобаста  ба гузаронидани семинару симпозиумҳо ва конфронсҳои сатҳи баланд сухан рафта, таъкид карда шуд, ки мисли солҳои қаблӣ омӯзгорони донишкада дар конфронсу семинарҳои байналмилалӣ ширкат намоянд ва табодули таҷриба бо донишгоҳҳои ҳампаймонро ба роҳ андозанд.

Дар интиҳои ҷаласа гузаронидани конфронсҳои муштарак низ масъалагузорӣ шуда, иттилоъ дода шуд, ки имсол зиёда аз 40 конфронси ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд дар донишкада гузаронида мешавад.

Шуъбаи иттилоот