Мулоқот бо намояндагони корхонаҳои саноатӣ

Санаи 25.02.2022с. дар толори калони донишкада вохӯрии хатмкунандагон бо намояндагони ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» баргузор гардид. Вохӯриро муовини ректор оид ба таълим профессор Насриддинов З.З. оғоз намуда, ба меҳмонон барои ташриф изҳори сипос намуд.

Намояндагони корхонаи мазкур ба хатмкунандагон маълумоти пурра оид ба фаъолияти корхона доданд.

Ҳамзамон, маълумот доданд, ки корхона метавонад, то 50 нафар хатмкунандагони донишкадаро барои гузаронидани таҷрибаомӯзии пешазхатм шароит муҳайё созад, хатмкунандагони болаёқатро бо ҷойи кор таъмин намояд.

Барои гирифтани маълумоти пурра ба сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов А.А. муроҷиат намоед.