Ҷаласаи навбатии Шурои олимон баргузор гардид

Имрӯз, дар толори Шурои олимони донишкада ҷаласаи навбатии Шурои олимон зери сарварии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба рушди илм, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таълиму тарбия суханронӣ намуд. Ҳамчунин, мавсуф роҷеъ ба дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар соҳаи маориф ёдовар шуда, саҳми Пешвои муаззами миллатро дар ин самт басо арзишманд иброз дошт.
Сипас, роҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа оид ба вазъи таъминоти моддӣ-техникӣ ва методии озмоишгоҳҳои таълимӣ- илмӣ, оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти комиссияи қабули донишкада барои соли таҳсили 2023-2034, натиҷаҳои тақсимоти фардии хатмкунандагони соли таҳсили 2022-2023 ба ҷойи кор ва ба ҷойи кор ҳозиршавии онҳо, доир ба иҷозати гузаштани дарсҳои лексионӣ ба ассистентҳои лаёқатманд, оид ба тасдиқи нақшаи омодасозии кадрҳои илмӣ – педагогии унвондор дар донишкада, фаъолияти бахши муҳосибот дар давраи соли хониши 2022-2023, интизоми меҳнат ва риояи талаботи Кодекси меҳнат аз ҷониби кормандон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баҳсу баррасӣ сурат гирифт.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои олимон Ҳоҷибоев Далер, Қаноатова Г., Осими Оқил, Раҳимова Шаҳноза ва дигар масъулон баромад намуданд.

Ҳамзамон, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз кори комиссия қабул изҳори нигаронӣ намуд, ки нақша ба таври пурра иҷро нагардид ва бояд дар ин самт кор ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон, профессор Насриддинов Замониддин низ роҷеъ ба рафти кори комиссияи қабули довталабон изҳори андеша намуда, таъкид кард, ки дар ин самт бояд омӯзгорон низ фаъол бошанд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба омода намудани мутахассисони варзида, бо ҷойи кор таъмин намудани
хатмкунандагони донишкада новобаста аз шакли таҳсил, дастгирии донишҷӯён, тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва фароҳам намудани шароити мусоид ба масъулин дастуру супоришҳо дод.