Таҷлили Рӯзи Мавлоно дар донишкада

Имрӯз, дар толори китобхонаи илмӣ -электронии донишкада бахшида ба Рӯзи гиромидошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ чорабинии илмӣ- фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниро нахуст омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Ҷалолова Зуҳрохон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба кору пайкор ва осори гаронарзиши Мавлоно сухан ронд. Сипас, директори китобхона Ӯзбекова Баҳриннисо дар бораи зиндагии Мавлоно ва аҳамияти тарбиявии осори ӯ ба ҳозирин маърӯза кард.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ донишҷӯни бахши якум баромад намуда аз эҷодиёти Мавлоно шеъру ғазал ва порчаҳои назмӣ қироат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқгардида, чанд рӯз аст, ки “Ҳафтаи бузургдошт” гузаронида мешавад.