ҶАВҲАРИ МАРДӢ ЧУ БОШАД, ҲОҶАТИ ШАМШЕР НЕСТ!

Ба ойини ҷавонмардӣ содиқ монда,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84 кӯдаке, ки падару модаронашон замони пайвастан ба гурӯҳи террористиву экстеремисти Давлати исломии Ироқу Сурия бо худ бурда буданд, тариқи хатсайри Бағдод-Душанбе-Бағдод аз Ироқ ба Тоҷикистон  шоми 30 апрели соли 2019 баргардониданд.

   Дар ин бора аз сомонаи АМИТ «Ховар»  маълумот гирифта, басо ба ҳаяҷон омадам. Бе шубҳа, баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудакон Раҷабмо Ҳабибуллозода дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: «Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор 84 нафар кӯдакон — ноболиғон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд ва ин кор идома хоҳад ёфт».

    Воқеан ҳам иқдоми олиҳимматона! Чунин хайрхоҳӣ дар якумин рӯзи моҳи май нишонаи инсондӯстӣ ва ватанпарварии Пешвои миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

    Зимнан, бозгашти ҳамдиёрони мо ба Ватан аз рӯзҳои аввали фаъолияти раҳбари давлат ба роҳ монда шуда буд. Ҳанӯз соли 1992 аз минбари иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ба тозагӣ интихобшуда Эмомалӣ Раҳмон мавриди бозгашти гурезаҳо ба ватан ҳарф зада буд. Ин марди хирад ба қавли худ уствуор истод. Охирин, гурезаҳоро аз қаламрави Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба Ватан баргардонд. Новобаста ба гуноҳҳои содиркардаашон дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ онҳоро афв намуд. Ба заминҳои бобоиашон соҳиб намуд, то пайи рушди кишоварзӣ шаванд. Мардуми гумроҳ аз деҳот дур шуда баҳори соли 1992 дар хиёбонҳои марказии пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе хайма зада ба ҳидояти пайравони ҳизби наҳзати ислом талаби истеъфои роҳбарони давр ва тахрибкорӣ дар майдонҳоро раҳбарӣ мекарданд.

Ба иллати нооромиҳои авзои сиёсии мамалакат солҳои 90-ум аз Тоҷикистон садҳо мутахасисони баркамоли миллатҳои ғайр кӯч бастанд. Масалан, аз худи шаҳри Бӯстон (Чкаловск) садҳо муҳандисон  ба ватани бобоии худ кӯч баста, ягона техникуми политехникӣ бе омузгор монда буд. Дуди ҳасрати ин ҷанги шаҳрвандӣ то ба ҳар минтақаи дурдаст расида буд.

Аммо аз қаъри навмедиҳо умеди нав ҷуста, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабу рӯз талоши сулҳу субот намуд ва дар фазои мамлакат кабӯтари сулҳ ба парвоз омад. Бо дастур ва ҳидояти сарвари давлат, Пешвои миллат соли 2006 дар шаҳри Бӯстон нахустин Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дари худро боз намуд ва давоми 13 соли мавҷудияти мактаби олии мазкур ҳазорҳо муҳандисони хуб дар риштаи саноати коркарди куҳӣ, электромеханика ва нақлиёту металлургия ба воя расонида дар корхонаҳо ба кор таъмин карда шуд.

Шаҳри Бӯстон ба шаҳри ободон ва макони намояндагони маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон табдил ёфта дари даҳҳо коргоҳҳои саноатӣ боз гардида, парчами миллат дар боғи тозабунёд парафшон гардид.

Мо ба иқдоми саховатмандонаи Пешвои миллат аҳсант мехонем, зеро бозгашти 84  кӯдаки  падару модаронашон гумроҳу  пайвастшуда  ба гурӯҳҳои ифтрогаро дар хориҷи кишвар аз ояндаи дурахшони ин Ватану миллат дарак медиҳад. Ҳар кадоми ин кӯдакони бегуноҳ дар оғӯши бибию хешовандони худ ба камол расида, ҳаргиз заҳри ғурбатро намечашанд. Онҳо чун фарзандони содиқи Ватан ба воя расида аз Тоҷикистон ва раҳбари оқили он,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд.

Фонии Кашмирӣ мефармояд:

Ҷавҳари мардӣ чу бошад, ҳоҷати шамшер нест,

Дар камар номардро, ханҷар намеояд ба кор.

Воқеан ҳам ба ҷавҳари мардӣ доштани Пешвои миллат ҷаҳониён қоил шуданд, ки ин кӯдакони маъсумро аз панҷараи кишвари бегона халос намуда, ба ватани бобоиашон баргардониданд.

Мо аз Шумо сипосгузорем ва бо Шумоем, Пешвои миллат!

 

М. Фозилзода,

Ректори донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон