ҶАВОНОН БОЯД ФИЛМИ “ХИЁНАТ”-РО БИНАНД

Боиси  таассуф аст, ки бархе  аз ҳамватанон бо кӯмаки аҷнабиён ва шахсони манфур барои ноором кардани  вазъияти дохилии кишвар иштирок намуда, задухурдҳои мусаллаҳонаро амалӣ гардонидаанд.Ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон доғ меоранд, волидон ва аҳли байти хешро дар назди халқу миллат сархаму шарманда месозанд, ки бисёр ҳам иштибоҳи бузург аст. Аммо агар як гурӯҳ дониставу қасдан амалҳои террористӣ-экстремистиро анҷом диҳад, аллакай ин иштибоҳ нест ва хиёнати рӯирост мебошаду бахшида ҳам нахоҳад шуд.

   Маҳз манзур намудани филми “Хиёнат” ба шаҳрвандон ин донистани симои аслии душманони миллати тоҷик мебошад. Аммалҳои зиддиконститутсионӣ ва зиддимиллии наҳзатиён, яъне аъзоёни ТТЭ ҲНИ бисёр ҳам нангин ва нобахшиданист, ки дар ин филм оварда шудааст. Гаравгонгирӣ ва куштори бераҳмонаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони мансабдори кишвар, ки дар филм ном ба ном оварда шудааст аз амалҳои номардонаи наҳзатиён мебошад.

 Яке аз сабабхои ба ин гуруҳ шомил шудани ҷавонони мо ин аллалхусус нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номуккамал фахмидани дин аст. Агар шахс дониши илмиву дунявӣ ва сиёсӣ дошта бошад, албатта ҳеч гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахохад шуд.

      Баъзе  ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани  ҳуввияти милливу эҳсоси  ватандӯстию инсондӯстӣ  оқибати рафтори худро  дарк накарда, ба ин роҳ  мераванд ва ба Ватану миллати хеш хиёнат мекунанд. Барои ин мо бояд чавонони имрӯзаро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем. Бояд донист, ки нафарони ба гурухи  террористӣ  ва экстремистӣ шомилгашта роҳи наҷот надоранд ва қурбон хоханд шуд.  Ҳамаи он ҳаводисе, ки дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дида мешавад, бояд барои насли ҷавон як дарс шавад.

Дар охир гуфтани ҳастем, ки бояд тамоми тадбирҳо  андешида шавад, ки минъбад пеши роҳи амалҳои бадхоҳонаи   Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом гирифта шуда, роҳбарону  масъулини он  дар назди қонун ва мардум барои амалҳои љинояткорона  ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Зеро имрӯзҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба хориҷ аз кишвар фирор намуда, он ҷо ба дасисабозиву иғвобарангезӣ машғуланд, ки бисёр ҳам амали номардонаву душманона аст.

 

Силмонова С.И.

лаборанти  калони

 кафедраи ЗД ва ЗХ