ХИЁНАТИ БУЗУРГИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТӢ ДАР ФИЛМИ “ХИЁНАТ”

дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”

Ҷанг ва хунрезӣ дар бисёр маврид бар зарари ҷомеа мебошад ва бештар аз ин мардуми оддӣ, шаҳрвандон аз ин зарар мебинанд. Яъне, сокинони осоишта ҳамеша аз ҷангу таъқибҳои гурӯҳҳои ифротӣ зарар дидаанду ба қатл расонида шудаанд, ки ин як ваҳшонияти вазнин мебошад.

Дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисматҳои 4 ва 5 бисёр ҳам равшан ва ошкоро дар бораи ҷиноят ва ҷинояткориҳои наҳзатиён гуфта шудааст, ки бисёр ҳам як маводи хуби таърихӣ мебошад.  Солҳои 90-ум, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ мерафт бисёр ҳам солҳои вазнин буд ва мардум аз зиндагӣ дигар умед канда буд.

Даҳшат ва ваҳшонияте, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ бар сари шаҳрвандони кишвар дар он рӯзҳо оварда буданд, фаромӯш ношуданист. Ҳарчанд имрӯз мо дар шароити хеле беҳтар ва бо имкониятҳои зиёдтар зиндагӣ мекунем, аммо дар он солҳо мардум барои нон аз шаб то саҳар навбат мепоид ва баъзан ноумед ва бо дасти холӣ ба хона бармегаршт. Чунки дар он шабу рӯз ба мардум нон намерасид ва дидани ин ҳодиса як даҳшат буд. Ҳатто дар он рӯзҳо намояндагони ТТЭ ҲНИ ё худ ҳамон наҳзатиён мардуми оддиро агар навбат намедоданд ё нонашонро намедонанд, ба хотири як “бухонка” нон ҳадафи тир қарор мегирифтанд. Ин рӯзе буд, ки наҳзатиёни палид он айём бар асари миллати тоҷик оварда буданд.

Гаравгон гирифтани намояндагони кишварҳои хориҷӣ як роҳи даромади наҳзатиён маҳсуб мешавад, ки бисёр ҳам амали зишт мебошад. Танҳо дар як муддати кӯтоҳ наҳзатиён зиёда аз 150 шаҳрванди хориҷиро ба гаравгон гирифта ба қатл расонидаанд, ки ин бисёр ҳам амали зишт ва нобахшиданиву разилона мебошад. Аъзоёни ТТЭ ҲНИ сулҳу ваҳдатро намехостанд ва ҳаргиз нияти осоиштаву ором дидани Тоҷикистонро надоштанд.

Куштори равшанфикрон ба хотири аз байн бурдани миллат ва бадном намудани он дар арсаи байналмилалӣ як хиёнати бузурги аъзоёни ТТЭ ҲНИ мебошад, ки дигар аз шунидани номҳои Муродулло Шерализода, М. Осимӣ, С. Афардӣ ва садҳои дигар дил ба дард меояд. Аммо чӣ кунем, ки наҳзатиён аз аввал хоинсифату хоинният будаанду бар ҷони шаҳрвандони бегуноҳи кишвар ба хотири пул ҷабр намуданд.

Ватанфурӯшӣ хиёнат аст. Хоинӣ бар нафъи кишвари бегона хиёнати нобахшиданист. Аммо ин ҳардуро мо мебинем, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳадафи аслии кор қарор додаанду бар нафъи кишвари бегона бар ватану миллати худ хиёнат менамоянд, ки ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд. Филми ҳуҷҷатии хиёнат симои аслии душманона ва номардонаи наҳзатиёнро ифшо сохт.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ