ҶАВОНОН БОЯД ВАТАНДӮСТ ВА СОДИҚ БОШАНД!

 Имрӯзҳо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар як фазоӣ софу беғубор, осудаю хотирҷамъона дар партави сулҳу ваҳдати миллӣ ва зери пайравии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон   сарҷамъона  кор ва фаъолият карда истодаанд. Рушди минбаъдаи ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дошта, риоягари қонунҳо, ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вобаста аст.

       Пас аз қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Консепсияи мактаби миллӣ, Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Дар ин ҳуҷҷатҳо вобаста ба таълиму тарбия фикрҳои солим ва арзишнок гуфта шудаанд. Илми педагогика собит менамояд, ки тарбия, аз рӯи мақсаду вазифа ва мазмуну мундариҷа нисбат ба таълим афзалтару васеътар аст.

      Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Дар ин кишвар ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, қатъи назар аз миллат, нажод, эътиқод, ҷинс, забон, эътиқодҳои динӣ, мавқеи сиёсӣ ва вазъи иҷтимоӣ баробар тарбия мегиранд. Ҳамаи шаҳрвандон метавонанд фарзандонро дар рӯҳи анъана ва арзишҳои миллии худ тарбия намоянд, ба шарте ки он хилофи арзишҳои умумидавлатии Точикистон ва манфиатҳои кишвар набошад.

 

       Тарбияи ҷавонон  яке аз вазифаи асосии ҳукумати кишвар, мураббиён ва омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки имрӯз ҳукумати кишвар дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, онҳоро неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзилиятноки сиёсати худ эътироф менамояд. Ҷавонон дар тамоми самтҳо ва бахшҳои ҳаёти ҷомеа фаъолияти пурсамар доранд, дар бунёд ва таҳкими ҷомеаи мутамаддину пешрафта саҳми сазовор мегузоранд.

          Асоси методологии тарбияро  тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳад, ки моҳияти он таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ мебошад.

     Тарбия падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ буда, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷамъият хизмат менамояд. Он ҳамчун фаъолияти махсуси мақсадноки инсон барои рушди шахс ва ворид шудани инсон ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона карда мешавад.

    Мақсади тарбияи насли ҷавон, қисми таркибии мақсаду вазифаҳои давлату ҷомеъа қарор мегирад, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд, алалхусус донишҷӯён  равона карда мешавад.

     Тарбияи донишҷӯён сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад. Чунин ҷавон қодир аст, ки дар пояи манфиатҳои миллӣ таҳсил ва фаъолият намояд, нисбати зуҳуроти манфии ҷомеа аз лиҳози танқид назар кунад. Ватани хеш -Тоҷикистонро  дӯст дорад ва манфиатҳои онро ҳимоя намояд, ҳамчун соҳиби тафаккури миллӣ ва посдори тамаддуни миллӣ дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошад.

      Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи ҷавонон ташаккули инсони комил, соҳиби ватан, нангу номуси миллӣ, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ мебошад.

        Анъана, суннатҳои воло, арзишҳои миллии халқи тоҷик, ки дар давоми қарнҳо ба тарзи ҳаёти мо ворид шудаанд, маҷмӯи сифатҳои онро ташкил медиҳанд. Сифатҳои миллати тоҷик аз илму донишомӯзӣ, заҳматписандию, таҳаммул, сару кор бо замин, оштию сулҳпазирӣ, тадбирҷӯӣ, худшиносӣ, талоши фарҳангӣ, меҳмондорию меҳмоннавозӣ, устувории оила, ифтихори ватандорӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, дӯстию рафоқат, иззату эҳтироми падару модар ва шахсони калонсол, некӣ ва накӯкорӣ ва канораҷӯӣ аз хиёнат ва аҳдшиканӣ ва ғайра иборатанд.

      Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарини тарбияи насли наврас мебошад, ки он дар мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин, ватан низ ифода меёбад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид мекунанд, ки «Фаромӯш набояд кард танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад».     

     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд дастгирии  ҷавонон аз тарафи давлату ҳукумати кишвар  ва  таъмини  онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.    Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд. Дар ҷомеаи имрӯза   дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ  мавқеи  ҷавонон  хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад  ба хубӣ таъмин созад. Имрӯз ҳар ҷавони болаёқату соҳибистеъдод ва хирадманду дурандеш метавонад соҳиби обрӯю эҳтиром гардида, дар ҷамъият мавқеи худро пайдо намоянд.

      Дар паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қайд карда шуд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд. Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрузаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона  дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад,  ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд. Ин дастуру ҳидоятҳо ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо буда,  афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо нахоҳад гузошт, ки гуруҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созад. Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки ҳоло ҳам ҷавонони нодоне пайдо мешаванд, ки аз ободӣ ва гул-гул шукофии Тоҷикистон сарфи назар карда, аз паси шахсони нохалаф ва  ақидаҳои бегонапарастӣ мераванд. 

           Корҳои созандагию бунёдкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷавонон талаб карда мешавад, ки ҳиссаи худро дар ин равиш ҳарчи бештар гузоранд ва дар корҳои ободкорию созандагӣ фаъолона иштирок намоянд. Донишҷӯён дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ иштирок намуда гирду атрофи ҷои таҳсилро доимо дар ҳолати тозаю обод нигоҳ доранд. Дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ тарбия гирифта барои пешгирии ҳолатҳои хурофотпарастӣ фаъол бошанд.  Худро аз гирифтор шудан  ба ғояҳои бегонаву ифротӣ дур созанд. Барои он, ки ҳолатҳои хурофотпарастӣ, ғояҳои бегонаву ифротӣ  ҷавононро ба роҳи нодуруст равон намуда барои пастшавии ҷаҳонбинӣ ва ташакулл наёфтани онҳо сабабгор мешаванд. Донишҷӯён набояд ба ин гурӯҳҳо ҳамроҳ шаванд,  рафиқон ва дӯстони худро низ боз доранд, то ки онҳо ба роҳи каҷ нараванд. Доимо дар паи донишомӯхтан бошанд. Дар ҳолати пайдо шудани имконият ба давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон сафар намуда таҷрибаи ҳаётро гузаранд. Барои фаъолият намудан бо воситаҳои ҳозиразамони технологияи информатсионӣ омода шуда “IT” ва “Nа-Nа” технологияҳоро хуб аз худ намоянд. Барои пешравии иқтисодиёти ватани азиз ҳиссагузор бошанд.  Барои амалишавии ин падидаҳо дар Ҷумҳури Тоҷикистон  ҳамаи имкониятҳо муҳайё карда шудааст.

      Меҳнат моҳияти ҷамъиятии инсон ва шаҳрвандро ташкил мекунад. Малакаҳои корӣ дар инсон ҳанӯз аз оила ва кӯдакистон оғоз ёфта, аз содда ба мураккаб ва аз каммаҳсул ба самаранок табдил меёбад. Тарбияи меҳнатӣ ва интихоби касб имконият фароҳам меоварад, ки ҷавонон корро дӯст доранд,   худ касбҳои  беҳтаринашро интихоб намоянд. Солҳои 2019 – 2021, ки ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон шудааст  ҷавононро   водор менамояд, ки таҳсили хуб намуда сатҳи дониши худро  баланд бардоранд, таҷрибаомӯзӣ кунанд, касбҳои дӯстдошта ва ба ҷомеъа манфиатоварро  аз худ  намоянд.

        Устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳи металлургии Тоҷикистон, ки қисми зиёдашонро ҷавонон ташкил медиҳанд бояд баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат мунтазам кӯшиш намуда, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи мамлакат ҳиссаи арзишманд гузоранд.  Устодони донишкада тарбияи  ҷавононро дар руҳияи донишомӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ, аз худ намудани  забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, таъмини талаботи бозори меҳнат ба мутахассисони соҳибкасб ва амсоли инро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафти Тоҷикистони азизамон боз ҳам фаъолтар бошанд ва барои сазовор ҷашн гирифтани  30 – солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.

      Бигзор, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бо ҳидояту раҳнамои Сарвари ғамхору некандешаш яке аз давлатҳои рушдёфтаи дунё гардад ва номи неки тоҷик то ҷовидон вирди забонҳои мардуми ҷаҳон бошад. 

 

Дадохонов М.М.

Сармуаллими

кафедраи “Ташкили ҳамлу нақл”