ҲХДТ ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР АСТ

Дар ҷомеаи демократӣ чунин пазируфта шудааст, ки интихобот низоми зиндагии мардумро иваз мекунад ва ё ба ибораи дигар иброз намоем, шаҳрвандон тариқи ширкат дар интихобот масири зиндагияшонро интихоб мекунанд ва беҳтару хубтар месозанд. Зеро дар интихобот ҳама ширкат меварзанд ва ҳамагон аз номзади арзанда пуштибонӣ менамоянд, ки ин беҳтарин имконият ва беҳтарин роҳи таъсир ба ҳаёти сиёсӣ ва ё ба гунаи дигар арз кунем, беҳтарин василаи озоду шаффофи тағйири самти зиндагӣ мебошад.

Файласуфе  фармудааст, ки “Интихобот беҳтарин нишонаи демократия ва беҳтарин имконият барои интихоби роҳи нав мебошад”, ки алаббат ба ин ақида сад дар сад розӣ ҳастам ва мо ҳамеша шоҳиди он будем, ки чӣ тавр бо интихоби дуруст кишвари ба ҷангу хун оғуштаро ба як маркази саодату сулҳ ва фарҳангу ҳунар табдил додем ва имрӯз дар фазои сулҳу ободӣ ва оромиву осудагӣ зинадгӣ мекунем, ки ҳамон натиқаи интихоби дурусти миллат мебошад.

Ҳамагон хуб медонем, ки чӣ тавр мардумон дар кишварҳои имконияташон маҳдуд ва ғайридемократӣ мушкил доранду азоби виҷдон мекашанд ва аз беҳтарин имкония, яъне интихобот маҳруманд. Аммо шукрона, ки дар кишвари мо имконияти баргузории интихобот ҳаст ва имконияти шунидани овози мардум ҳаст ва миллат худаш ба тақдири худаш, ба ояндааш саҳм мегузорад.

Интихобот василаи хеле муҳим ва тақдирсоз мебошад. Зеро маҳз тариқи интихобот мо аллакай аз барномаҳои ҳизбҳо огоҳӣ пайдо мекунем ва беҳтару хубтарашро интихоб мекунем, ки ин аллакай як падидаи демократӣ ба ҳисоб меравад.

Пас аз  интихобот мо борҳо мушоҳида намудем, ки Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон тавассути барномаҳои созандаву пешоҳангаш хеле пешравиҳоро дар кишвар ба вуҷуд овард ва ҷанбаи созандагиро дар ҷумҳурӣ эҳё намуд, ки ин хеле ҳам назаррас мебошад ва мардум аз имкониятҳои муваффақиятҳои ин ҳизб хеле огоҳ ҳастанд.

Ҳамчунин Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ тавонист бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мафкураи демократиро зинда созад ва шуълаи умедро дар дили мардум барафрӯзад.

Зеро дар давоми фаъолияти худ ҳиз тавонист ба ҳама барномаҳои пешниҳодкардааш аз ҳизбҳои пешоҳанг дар ҷумҳурӣ гардад ва шароити зиндагии мардум, сифати зиндагиро боз ҳам беҳтар созад ва барномаҳояшро давра ба давра амалӣ намояд, ки ин аз як ҳизби пурқудрат ва содиқ буданаш ба миллат гувоҳӣ медиҳад.

Давлатов Д.С

омӯзгори ДКМТ