ҲУШЁР БОШЕД, ЭЙ ҶАВОНОН!

Чӣ хеле ки дида истодаем, дар саросари бештари кишварҳои ҷаҳон бесарусомониҳо ба вуқуъ омода истодаанд. Ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ҳар гуна баҳонаҳои ночиз  ёфта мехоҳанд байни мардум бо намоишҳои зархаридонаи худ норогизӣ аз ҳукумату давлат ба вуҷуд оранд ва тухми низоъ бикоранд.

Дур намеравем, мо худ шоҳиди ҳамоишҳо дар саросари шаҳрҳои Федератсияи Русия ҳастем, ки ин нобакорон насли ҷавоне, ки ҳоло хубу бадро фарқ карда наметавонад ба ҳамоишҳо ҷалб карда мехоҳанд маҳз бо дасти ҷавонон кишвари қудратманду осоиштаро ба майдони набард табдил диҳанд.

Пӯшида нест, ки сиёсати Аврупо ҳамин аст, бо дасти худи мардуми ҳамон давлат сар занонидан ва ба як вайронахона табдил додани ҳамон кишварҳост. Ин таҷрибаро онҳо дар даҳҳо кишварҳо аллакай истифода бурда натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда истодаанд.

Мо набояд дар канор бошем. Аз ин бадбиниву бадхоҳӣ ягон кишвар амин нест, аз ҷумла Тоҷикистон.

Беҳуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намекунанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳед. Ин гапи холӣ нест.

Мо бояд аз ҳарвақта бештар ҷавонони ва насли навраси худро дар зери назорати ҷиддӣ қарор диҳем, чунки онҳо қисми осебпазири мо буда,  ба зудӣ метавонанд раҳгум шаванд.

Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани ҳуввияти милливу эҳсоси ватандӯстию инсондӯстӣ оқибати рафтори худро дарк накарда, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватану миллат хиёнат мекунанд. Бояд моён шахсиятҳои бофарҳанг бар зидди ин ифротгароён мубориза барем. Ба ҷавонон бештар оид ба корҳои зишти гуруҳҳои манфиатҷӯй сӯҳбатҳо ва ҳангоми машғулиятҳо дар бораи мафкураи вайрони ин гуруҳҳои ифротгаро маълумот диҳем.

Ба ин хотир мо  худ бояд пайрави  ғояҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами худ бошем. Муковимат бар зидди терроризму эктремизм натанҳо вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратист, вале алайҳи ин вабои аср муборизаи дастаҷамъона мебояд. Ва дар сафи пеши он бояд чавонон карор дошта бошанд. Зеро маҳз насли наврасу чавон ҳамчун кувваи пешбарандаи чомеа шинохта шудааст ва ояндаи неки ҳар давлату миллат дар дасти онҳост.

Хусусан, беназорат мондани ҷавонон, истифодаи ғайримақсадноки расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабабҳои дигаре мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна наворҳои махсус ва сабтҳои таблиғотии шахсони алоҳида ва зархаридони хориҷиро паҳн менамоянд.

         Аз ин расонаҳои бемаънӣ бархе аз ҷавонон ва наврасоне, ки маърифати ҳуқуқию диниашон дар сатҳи паст қарор дорад ба ҷиҳод ва барҳам додани асосҳои сохтори конститутсионии давлатҳои гуногун омодаанд.

 Ҳушёр бошед, ҷавонон, нагузоред, ки ин бехалафон, онҳое, ки аллакай виҷдону номуси худро фурӯхтаанд, онҳое, ки дини мубини Исломро танҳо ба манфиати худ истифода мебаранд, шуморо васваса карда ба роҳи шармандагиву бешарафӣ баранд.

Бо чашми сар бинед, ки гавҳари нодиртарин ин пулу мол нест, ин сулҳ аст.  Ҷомеаи имрўзаи мо бо суботи комили сиёсӣ пеш рафта истодааст ва онро тамоми қишрҷои ҷомеа бояд дастгирӣ намуда, тамоми ҷастии худро барои рушди кишвари азиз сафарбар намоянд.

Валиева М.Н.

омӯзгори ДКМТ