Ташрифи намояндагони МТОК-и хориҷи кишвар

Санаи 13 майи соли 2023 ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр бо намояндаи Донишгоҳи давлатии нафт ва техникии Уфа, Урунов Салимҷон доир ба рушди ҳамкори дуҷониба, байни муассисаҳои таълимӣ вохурии судманд баргузор намуд.

Дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов А., д.и.т, профессор Розиқов З.А. , котиби масъули комиссияи қабул Ҳоҷибоев Д. иштирок намуданд.

Ректори донишкада Маҳмадалӣ Бахтиёр иброз намуд, ки аҳамияти ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олиро дар соҳаи илму маориф арзёбӣ намуд. Ӯ қайд кард, ки ҳамкории донишгоҳҳо ҳам барои донишҷӯёну омӯзгорон ва ҳам барои рушди илм дар маҷмӯъ муфид буда метавонад.

Урунов Салимҷон зикр намуд, ки у низ яке аз аввалин дастпарвари ДКМТ буда, фахр аз он мекунад, ки дониши базавии хешро аз устодони пуртаҷрибам ин махзани илму маърифат гирифта, дониши хешро давом додааст. Бояд қайд кард, ки соли равон аллакай 10 соли ҳамкорӣ бо ДКМТ амалӣ шуда истодааст.

Дар мулоқот, инчунин масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1. Васеъ намудани ҳамкорӣ дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
2. Мубодилаи донишҷӯён;
3. Ташкили кафедраҳои муштарак ва амсоли инҳо.
Дар интиҳо, тарафайн иброз доштанд, ки дар оянда ҳамкориҳои судманд густариш ёфта, баҳри дар амал татбиқ намудани дониши назариявӣ дар истеҳсолот кӯшиш ба харҷ медиҳанд.