Зодрӯз хуҷаста бод, муҳтарам Собирова Шукриниссо!

Имрӯз, омӯзгори фаъол, бонуи ростагор ва поктинат, олими сермаҳсул, зани ғамхору садоқатманд, корманди фаъолу дилсӯз, мудири муваффақу кордон,  мудири кафедраи менеҷманти донишкада Собирова Шукриниссо зодрӯз доранд, ки ба он кас муваффақияту барор ва дар зиндагияшон беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно менамоем. Бигзор ҳамеша сарбаланду саодатманд ва хуштолеъ бимонеду дарҳои муҳаббати рӯзгор ҳамеша барӯятон боз бошад!

Раёсати донишкада бар фаъолияти чандинсолаи муаллимаи арҷманд Собирова Шукриниссо баҳои баланд дода, саҳми эшонро дар рушди донишкада муассир арзёбӣ менамояд ва барои ҳамкории пурсамар миннатдор аст. 

Зодрӯз хуҷаста бод, муаллимаи арҷманд ва гиромӣ!