Истиқлолияти давлатӣ рамзи музаффарияти миллат ва омили муҳими давлатдории сиёсии тоҷикон дар арсаи таърихи тамаддуни башарӣ ба ҳисоб меравад. Ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ ва умумимиллӣ дар фазои сулҳу субот ва рушди босуръати иқтисодию иҷтимоии кишвари мо далели сиёсати хирадмандона, созанда, сулҳҷӯёна ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Тавре маълум аст, дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахусус ташаббусҳо ва иқдомҳои пайвастаи ин абармарди таърих, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон рушду нумуъ намудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ин давра сиёсати иҷтимоии давлат низ баробари дигар соҳаҳо мавқеи худро мустаҳкам намуда, барои таъмини некӯаҳволии мардум ва рушди босуботи самтҳои алоқаманди он, аз ҷумла танзими муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, хизматрасонӣ ба аҳолии ниёзманд, суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақа, дар давоми 35 соли даврони соҳибистиқлолӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Масъалаи ҳифзи меҳнат ва таъмини бехатарӣ аз сӯхтор низ яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар ин хусус ба мақомоти дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани масъулият дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва бехатарии кор дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.
Ин самти фаъолият аз мадди назари масъулони Донишкада низ дур намонда, баҳри таъмини ҷӯякҳои дохилии оташнишонӣ бо об ва дар ҳолати коршоям қарор додани онҳо, бо маҳлули кимиёвии аз оташ муҳофизаткунанда коркард намудани масолеҳи чӯбини болопӯши бино, тибқи талаботи меъёрҳо бо асбобу олоти зарурӣ таъмин намудани сипарҳои оташнишонӣ ва оташхомӯшкунакҳо, инчунин харидорӣ намудани таҷҳизоти оташнишонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҷойҳои корӣ ва ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти кормандону донишҷӯён, ҷойҳои корӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, баҳри бартараф намудани омилҳои хатарнок, аз ҷумла таҷҳизоти носоз ва мутобиқ намудани ҷойҳои корӣ ба талаботи бехатарӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Яке аз самтҳои муҳими ҳифзи меҳнат омӯзонидани кормандон мебошад. Пеш аз ба кор қабул шудан ба кормандон қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва талаботи ҳифзи меҳнат фаҳмонида мешаванд.
Тибқи меъёрҳои муқарраргардида, кормандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба хавфҳои истеҳсолӣ дучор мешаванд, бо воситаҳои муҳофизатии зарурӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳамаи ин чорабиниҳо ба як ҳадафи асосӣ — ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва фароҳам овардани шароити бехатару муносиб барои меҳнат равона шудаанд.
Холиқов А.М.
муҳандиси пешбари ҳифзи меҳнати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
