Имрӯз омӯзгори кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки Донишкада Бадалов Ҷамолиддин рисолаи номзадии хешро дар самти илмҳои техникӣ дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-42-и институти кимиёи ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.
Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бадалов Ҷамолиддинро барои шарафёб гардидан ба ин дараҷаи илмӣ, табрику таҳният гуфта, барояшон барои расидан ба қуллаҳои баланди илмӣ пирӯзиву муваффақият таманно менамояд.
