Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ дар кафедраи математикаи олӣ ва информатика оғоз шуд

Имрӯз, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар донишкада ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ эълон карда шуд.

Ҳафтаи мазкурро бо ширкати омӯзгорону донишҷӯён муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ бахшида, аз дастовардҳо ва нашрияи девории сохтаи донишҷӯёни фаъол дидан намуд. Сипас, декани факултети электромеханика  профессор Қозиев Камолудин ва дигар омӯзгорону сардорони шуъбаҳо дар дарси кушоди омӯзгори фаъоли донишкада Сиддиқов Неъматҷон ширкат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ бо ташаббуси  кафедраи математикаи олӣ ва информатика гузаронида мешавад.

Шуъбаи иттилоот