Ҳамкориҳои Донишкадаи Конфутсий бо шарикони хориҷӣ густариш меёбад

Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон якуми апрели соли ҷорӣ бо намояндагони коллеҷи касбӣ-техникӣ ва ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ланҷоу ва Маркази чинии металлургияи рангаи ширкати Tazhong Mining Co., Ltd-и Ҷумҳурии мардумии Чин шартномаи ҳамкориро ба имзо расониданд. Тибқи ин шартнома мутахассисони соҳаи металлургия дар донишкада бо маводҳои таълимӣ таъмин ва такмили ихтисос гузаронида мешаванд, ки ин барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ, мусоидат хоҳад намуд.

            Ҳамзамон, санаи 20-уми апрели соли ҷорӣ кушодашавии курсҳои омӯзиши забони чинӣ ба таври касбӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён аз ҷониби мутахассисони касбии пуртаҷрибаи соҳаи металлургия дар Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар назар аст.