Ҳамкории кафедраҳо бо институтҳои пажӯҳишии АМИҶТ

Баҳри пешбурди фаъолиятҳои пурсамари илмӣ-таҳқиқотӣ омӯзгори  кафедраи металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Ҳаётқул Раҳимов ба  Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуда, масъалаҳои ҳамкориро ба роҳ монд.

Дар ин сафар омӯзгор Ҳ.Раҳимов бо ҳайати илмӣ ва имкониятҳои озмоишгоҳи институти мазкур дидан намуда, ҷиҳати беҳтар намудани ҳамкориҳо машварат намудааст.

М. Сайидзода