Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиро пеш гирифта, дар ин самт зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақияҳои беназире ноил гардид. Дар ин раванд ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз зуҳуроти равшани сиёсати инсондӯстона ва инсонпарваронаи давлат татбиқи қонунҳои авф мебошад. Қонуни авф ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ ба шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, имконият медиҳад, ки бо дарназардошти хусусиятҳои ҷиноят, рафтор ва ҳолати иҷтимоии онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз адои қисми муайяни ҷазо озод карда шаванд.
Қабули қонунҳои авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти олии кишвар пайваста амалӣ гардида, ҳамчун намунаи олии ғамхорӣ ба инсон ва эҳтиром ба арзишҳои башардӯстона арзёбӣ мешавад. Ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки давлат на танҳо ҷазодиҳиро, балки ислоҳ ва бозгашти шаҳрвандонро ба ҳаёти муқаррарии ҷомеа низ ҳадафи муҳим меҳисобад.
Қонунҳои авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон одатан нисбат ба гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандон татбиқ мегарданд. Ба ин гурӯҳҳо занон, ноболиғон, шахсони синнашон калон, маъюбон, иштирокчиёни ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар табақаҳои иҷтимоии осебпазир дохил мешаванд. Ин гуна муносибат аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат ба сарнавишти инсонҳо бетараф нест ва барои ислоҳи онҳо шароити мусоид фароҳам меорад.
Аҳамияти қонуни авф дар он аст, ки он ба таҳкими принсипҳои инсондӯстӣ, адолат ва раҳму шафқат мусоидат мекунад. Ҳамзамон, авф ба коҳиш ёфтани шумораи маҳкумшудагон, беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии оилаҳо ва таҳкими суботу оромӣ дар ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон дар маркази диққати давлат қарор дорад. Пешвои миллат дар суханрониҳо ва паёмҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки инсон арзиши олӣ буда, тамоми фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд ба манфиати мардум равона карда шавад.
Дар доираи ҳамин сиёсати инсонпарварона чандин маротиба қонунҳои авф қабул гардидаанд, ки ҳазорҳо шаҳрвандон аз онҳо баҳраманд шудаанд. Ин иқдомҳо имконият фароҳам оварданд, ки шахсони ба хатогӣ роҳдода ба зиндагии муқаррарӣ баргашта, дар рушди ҷомеа саҳми худро гузоранд.
Сиёсати инсондӯстонаи Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дигар самтҳо низ бараъло мушоҳида мешавад. Дастгирии қишрҳои осебпазири аҳолӣ, рушди соҳаи маорифу тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини сулҳу суботи ҷомеа аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки моҳияти инсонпарваронаи сиёсати давлатро инъикос мекунанд.
Яке аз ҳадафҳои асосии ҷазои ҷиноятӣ ислоҳ намудани шахси гунаҳкор мебошад. Агар шахс дар давраи адои ҷазо рафтори намунавӣ нишон диҳад ва аз кирдори содирнамудаи худ пушаймон гардад, давлат метавонад ба ӯ имконияти нав диҳад. Қонуни авф маҳз барои амалӣ намудани ҳамин ҳадафи башардӯстона хизмат мекунад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки бисёре аз шаҳрвандоне, ки бо татбиқи қонуни авф озод шудаанд, баъдан ба фаъолияти меҳнатӣ машғул гардида, дар тарбияи фарзандон ва рушди ҷомеа саҳм гузоштаанд. Ин ҳолат собит месозад, ки бахшиш ва раҳму шафқат метавонад дар ислоҳи инсон нақши муҳим бозад.
Ғайр аз ин, авф ба таҳкими муносибатҳои оилавӣ мусоидат мекунад. Бозгашти аъзои оила ба назди пайвандон барои беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва равонии оилаҳо таъсири мусбат мерасонад. Аз ин рӯ, қонуни авф на танҳо аҳамияти ҳуқуқӣ, балки аҳамияти бузурги иҷтимоӣ низ дорад.
Авф ҳамчун нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд
Дар ҷаҳони муосир сиёсати авф дар бисёр давлатҳои пешрафта ҳамчун воситаи татбиқи принсипҳои демократия ва инсонпарварӣ истифода мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт таҷрибаи назаррас дошта, тавассути қабули қонунҳои авф садоқати худро ба арзишҳои умумибашарӣ нишон медиҳад.
Қонуни авф далели он аст, ки давлат ба ҳар як шаҳрванд имконияти ислоҳшавӣ ва оғози зиндагии навро медиҳад. Ин амал ба таҳкими эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ ва низоми ҳуқуқӣ мусоидат намуда, рӯҳияи инсондӯстиро дар ҷомеа тақвият мебахшад.
Дар умум Қонуни авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намунаҳои барҷастаи сиёсати инсондӯстона ва инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Ин санади ҳуқуқӣ на танҳо ба сабук гардидани вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат мекунад, балки барои ислоҳи онҳо, таҳкими оилаҳо ва суботи ҷомеа низ аҳамияти калон дорад.
Зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати башардӯстона дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа пайваста татбиқ гардида, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Қабули қонунҳои авф далели равшани он мебошад, ки инсон, шаъну шараф ва ҳуқуқҳои ӯ дар меҳвари сиёсати давлатии Тоҷикистон қарор доранд.
Аз ин лиҳоз, метавон бо итминон гуфт, ки қонуни авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам самараи сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар таҳкими адолат, инсондӯстӣ ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим мебозад.
Мирзозода Воҳид
муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
