Қарор аст, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон олимпиадаи соҳавиро таъсис диҳад

Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси олимпиадаи соҳавии донишҷӯён ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости расмӣ фиристодааст. Дар ин бора ба шуъбаи иттилоот субҳи имрӯз,  муовини аввали ректор Насриддинов Замониддин  хабар дод.

Зимни суҳбат Насриддинов З. илова намуданд, ки  дар мамлакати мо олимпиадаҳои ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти ҳамоҳангии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон амал мекунанд, ки дар он асосан озмун дар асоси донишҳои фаннӣ(математика, физика, химия, забонҳо, равияҳои гуманитарӣ ва ғайраҳо) ташкил карда мешавад, ки аксари он бе таснифоти тахассусӣ баъзан барои ҳамаи намояндагони ихтисосҳо ба таври яксон сурат мегирад ва дар натиҷа донишҷӯёне, ки намояндаи ихтисоси фаннӣ нестанд, наметавонанд озод ва аз рӯйи адолат рақобат намоянд.

Дар ин замина, ҷиҳати ташкили аввалин олимпиадаи соҳавии ҷумҳуриявӣ, бо даспурпазирӣ ва ҳамоҳангсозии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ҷалби донишҷӯён – намояндагони тахассусҳои соҳаи саноат, корбарӣ сурат гирифта истодааст.