Қабули шаҳрванд аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ сокини шаҳри Бӯстон Сангмамадова Умедаро қабул намуд. Ректори донишкадаро дар ин қабул муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда ҳамроҳӣ намуд. Шаҳрванд Сангмамадова Умеда барои дарёфти ҷои корӣ ба ректори донишкада муроҷиат намудааст ва роҳбари донишкада мавсуфро барои семоҳи санҷишӣ ба кор қабул намуд.
Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректор ҳар ҳафта сурат мегирад ва шаҳрвандон метавонанд, тариқи сабти ном ба шуъбаи умумӣ ба қабули ректор роҳ ёбанд.