Семинари илмӣ- амалӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар факултети корҳои кӯҳӣ

Имрӯз,  аз тарафи факултети корҳои кӯҳии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои геология ва корҳои нафту газ ва фанҳои табиӣ – илмӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот аз факултети корҳои кӯҳӣ иттилоъ доданд.
Семинари илмиро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ  профессор Умарҷонов А.А. ифтитоҳ намуда, роҷеъ  ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он ибрози андеша намуданд.
Дар семинари мазкур сардори раёсати илм инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Раҳимова Ш.К. омӯзгорон ва доншҷӯёни факултетҳо низ иштирок намуданд.
Аз рӯи барномаи семинари илмӣ – амалӣ денаки факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Г.М. таҳти мавзӯи “Парчамат бодо парафшон кишварам”, муаллими калони кафедраи фанҳои табиӣ – илмӣ унвонҷӯ Холбоев Рафиқҷон Яҳёевич маърӯзаи илмӣ таҳти унвони” Интерференсияи рӯшноӣ” ва муаллими калони кафедраи геология ва корҳои нафту газ Почоев Анӯшервон Абдуқосимович таҳти мавзӯи “Таҳлил ва ташхиси дараҷаи обнокии чоҳҳои кони Равот” маърӯза намуданд.
Дар рафти семинар аз тарафи устодон Самадова Г.М., Ғаффоров С.Ҷ., Мутавалиев А.Т., Усмонов Ш.Ҷ. ба маърӯзачиён саволҳо дода шуд ва  аз ҷониби баромадкунандагон посухҳои  мушаххас дода шуд.
Мақсади баргузории семинари мазкур ин истифода ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар саноати кӯҳӣ, аз он ҷумла баланд бардоштани самаранокии корҳои маркшейдерӣ дар истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок мебошад.