Оғози олимпиада аз фанҳои гуманитарӣ дар донишкада

Имрӯз, дар донишкада олимпиада барои донишҷӯён аз фанҳои гуманитарӣ оғоз гардид, ки дар ин маврид аз кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ иттилоъ доданд. Ҳамин тариқ олимпиадаро аз фанни сиёсатшиносӣ омӯзгори ҷавон ва фаъол Саидов Анвар, аз фанни таърих мудири кафедра Абдуллоев Икром ва омӯзгори ҳамин кафедра Холова Фахриниссо, аз фанни фалсафа омӯзгор Ибрагимова Оирамо, аз фанни ҷуғрофия Қутбиддинова Рафоат, аз фанни фалсафа Тошматов Зариф назорат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аллакай дар донишкада олимпиада оғоз гардидааст ва донишҷӯён фаъолона дар он ширкат менамоянд.