Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз дар рӯзи қабули шаҳрвандон тибқи одати маъмул ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ як нафар сокини шаҳр Шомирзоева Насибаро ба ҳузур пазируфтанд.  

Ёдовар мешавем, ки Шомирзоева Н.  ҷиҳати дарёфти ҷойи корӣ вобаста ба ихтисосаш, ки равияи биологӣ мебошад ба раёсати донишкада муроҷиат намуд. Дар суҳбати рӯ бар рӯ аз тарафи раёсат ба муроҷитаткунанда, хусусиятҳои тахассусӣ ва фанҳои таълимӣ, ки бо такя аз онҳо тариқи озмун устодони касбу ихтисоси соҳавӣ ба кор гирифта мешаванд, фаҳмонида  шуд. Ба Шомирзоева Н.  бори дигар тавсия дода шуд, ки тибқи равияи тахассусаш ба дигар муассисаҳо муроҷиат намояд.