Оғози мусобиқаҳои варзишӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши донишкада шурӯъ аз 11 декабри соли 2021 байни кормандони муассиса, дастаҳои варзишии раёсат ва факултаҳо мусобиқаҳои варзишӣ оғоз мегардад, дар ин бора ба шуъбаи иттилоот сардори шуъба Муслимзода Х иттилоъ дод.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаҳо аз намуди футбол, шоҳмот, тенниси рӯйимиз ва волейбол байни дастаҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ҷамъбасти мусобиқа ба дастаҳои ғолиб ҷоизаи махсус тақдим мегардад.

Ташкилкунандагони мусобиқаи мазкур шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш, кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ, иттифоқи касабаи донишкад мебошанд.

М. Сайидзода