Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ду нафар шаҳрванд Набиева Таманно ва Воситова Райҳонаро қабул намуданд, ки ҳарду низ баҳри ба ҷойи корӣ таъмин шудан муроҷиат намудаанд. Дар қабули имрӯза ректори донишкадаро намояндаи раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мӯминова Дилором ва  намояндаи шуъбаи иттилоот ҳамроҳӣ намуданд.

Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аризаи шаҳрвандонро дида, ба масъулин дастур дод, то ҳолати мазкур омӯхта шавад.

Шуъбаи иттилоот