Аз ҷараёни муҳаббати баланди ҳамватанӣ дар Исфара

Рӯзи сеюм аст, ки омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон яке аз донишкадаҳои муҳиму калиди дар кишвар баҳри расонидани кумак ба осебдидагони шаҳри Исфара сафарбар гардидаанду дар он ҷо ба корҳои сохтмонӣ, таҷдиду азнавсозии биноҳои харобгардида мусоидат менамоянд. Кормандору донишҷӯёни донишкада аллакай дар ин се рӯз бо дасту дили гарм, муҳаббату самимияти баланди ватандӯстона, ҳамватании хешро нишон дода, дар паҳлӯи мардуми Исфара истода, онҳоро дастгирӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки тасмими мазкур бо ташаббуси роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии  донишкада гирифта шуда, мақсад аз он нишон додани муҳаббати ҳамватанӣ ва нангу номуси ватандорӣ мебошад.

Дар рӯзҳои аввал роҳбалади гурӯҳҳои мададрасон сардори шуъбаи ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз ва сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём буданд, ки фаъолона дар корҳои сохтмонӣ саҳм гузоштанд.

Шуъбаи иттилоот