Қабули донишҷӯ аз ҷониби ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ  донишҷӯи бахши дуи факултети металлургия Ҳабибов Хушбахтро қабул намуданд ва дархости ӯро баррасӣ карданд.

Ректори донишкадаро дар ин қабули донишҷӯ муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳрат ва масъули қабули шаҳрвандони донишкада Абдуллоев Хайриддин ҳамроҳӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳар ҳафта қабули шаҳрвандон сурат мегирад ва донишҷӯёну шаҳрвандон метавонанд рӯзҳои чаҳоршанбе ва ҷумъа дар қабули шаҳрвандон ширкат намоянд.

Шуъбаи иттилоот