Ғолибони озмуни зеҳнии “Шоҳмот”

Дар озмуни зеҳнии “Шоҳмот” миёни ҷавонони синни даъватӣ ва афсарону сарбозон дар қисмҳои низомии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба 27 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва солҳои 2019-2021, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” донишҷӯён ва устодони ҷавони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ғолиб омаданд

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур дар қисми ҳарбии 01972 (дивизия) воқеъ дар шаҳри Бӯстон баргузор гардида, дар он хонандагон ва даспарварони 6 мактаби шаҳри Бӯстон, Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ ва ДКМТ ширкат намуданд.

Миёни ҳамаи ширкаткунандагон Алишер Ғоибов намояндаи ДКМТ сазовори ҷойи аввал гардид.

Ба мусобиқаи мазкур аз 18 шаҳру ноҳияи кишвар варзишкорон ширкат доштанд.