ЭҲТИРОМ БА РӮЗИ ҒАЛАБА

Субҳи санаи 9 май бахшида ба таҷлили 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Бустон  бо иштироки роҳбарияти вилояти Суғд ҳамчунин роҳбарони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва сокинон чорабинии тантанавӣ баргузор гашт.

Маврид ба зикр аст, ки дар қатори кормандони дигар ташкилоту муассисаҳо ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо роҳбарии ректори донишкада дотсент М. Фозилзода  дар чорабинӣ ширкат варзида, бар пояи муҷассамаи шаҳидони ҷанг ба хотири арҷгузорӣ ба шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчамбар гузоштанд.