ЭЪТИБОРИ ТӮТИЁ АЗ ЧАШМИ НОБИНО МАПУРС

Дар арафаи соли нави 2019 аз Ҷумҳурии мардумии Чин мужда расид, ки хатмкунандагони донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, ки айни замон дар магистратураи Донишкадаи Кунӣмин таҳсил доранд, парчами Тоҷикистонро дар маҳфили идона боло бардоштаанд.

Мо аз таҳсилу фаъолияти донишҷуёни худ дар хориҷи кишвар ифтихор менамоем.

Аммо гоҳе воқиф мешавем, ки баъзе ҷавонони ғофил дар Европа фирефтаи ТТЭ ҲНИ шуда худро гирифтори ҳар гуна доми фиреб месозанд. Даст ба тазоҳурот мезананд.

Ба андешаи ман ба донишу малака иштирок дар сабқатҳои варзишӣ ҳар як ҷавон метавонад номи Точикистонро боло бардорад ва парчами ватанро партавфишон кунад.

Аз ғубори кӯи ӯ бар дидаи зоҳид магуй,

Эътибори тӯтиё аз чашми нобино мапурс.

Воқеан ҳам шаъну шарафи Ватанро шахси кӯрдил намебинад. Аз ин хотир, зинҳор ба чунин тудаи риёкорон ҳамроҳ нашудани донишҷуёнро таъкид менамоем.

 

Фируза Мирсаидова, сармутахасиси шуъбаи равобити байналмилалии ДКМТ