ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- МЕЪМОРИ ВАҲДАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАКТАБИ СУЛҲОФАРӢ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Ҷаҳонро шахсиятҳои бузург ва дорои истеъдодӣ фитрӣ  метавонанд ба низом дароваранд ва оромиро ба вучуд оваранд. Эҳёи фарҳангу маданият дар шароити кунунӣ кори саҳлу содда нест ва махсусан пас аз дигаргун гардидани равандҳои сиёсӣ қавму халқиятҳо ва давлатҳои хурд, фарҳанг, урфу одат, анъана ва дигар арзишҳои миллӣ ба осонӣ аз даст рафтанаш мумкин аст. Падидаи нави ҷаҳонишавӣ бори дигар исбот намуд, ки ҷомеаҳои ноустувор, парешон, ноаҳд ба ҳамдигар метавонанд зуд зери таҳоҷуми фарҳангӣ бимонанд ва ё ба кулли нест шаванд, ки ин оқибати фалокатбор дорад. Дар ҳақиқат агар насили ҷавон оқибати равандҳо ё падидаҳои нави ҷаҳониро наомӯзад, метавонад худ саҳмгузор дар хатчадор гардидани фарҳанги миллӣ бигардад. Тавре, ки гуфтем, дар ҷаҳони муосир бозиҳои гуногуни сиёсӣ доранд, амалӣ мешаванд, ки ин ҳам метавонад, ба давлатҳои миллӣ таъсир расонад ва дар ин маврид агар ҳушёру зирак набошем, ҳама имкониятро аз датс додан мумкин аст, чунки бозингарони бузурги сиёсӣ бо ҳиллаву найранги худ имкони давлатҳои миллиро нест намудан ва ё ба нестӣ бурдани давлатро доранд.  

Аз ин лиҳоз, пайваста омӯхтан ва ҳамеша ҳушёр будану зиракии сиёсӣ доштан дар ин айём хеле муҳим ва кафолати дарку ҳолат ва иқдоме барои пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб ва найранги душман мебошад. Воқеан ҳам мо набояд фаромӯш созем, ки аллакай як маротиба фиреби душманро хӯрдем, як маротиба найранги душманро нафаҳмидем, ҳолатро дарк накардем ва анқариб буд, ки кишвари тозаистиқлоламонро аз даст бидиҳем. Қувваҳои душман бо истифода аз афроди маҳаллӣ кишвари тозаистиқлол касб намударо ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд, ки зиёну зарараш беҳисоб асту миллат умедашро аз даст дода буд.  Бародар душмани бародар гардида буд ва ҷомеа қисмат-қисмат шуда буд, ки ваҳдату ҳамдилие намерасид. Касе барои арзишҳои воло талош намекард. Душманони миллат ҳар чӣ зудтар мехостанд, то миллат бо андак бозии сиёсӣ нест шаваду давлати тоҷикон аз байн равад. Ободикориҳо ба харобаҳо табдил ёфта буданду мубаллиғи саодат худ гиря мекард ва миллат роҳашро гум карда буд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хуни садҳо ҳазор тоҷикро рехт ва имтиҳони вазнине он рӯзҳо болои сари миллат омада буд. Фоҷиаи миллӣ буд он айму он рӯзгори талхи даврони ҷангӣ… Ва шукр, ки бо будани ашхоси ватандӯст ва арҷгузор ба арзишҳои миллӣ мо тавонистем, ки аз ин фалокат раҳо ёбем, давлату миллатро наҷот бидиҳем ва саодатмандона зиндагӣ намоем, ки ин хидмати бузурги абармарди арсаи сиёсат, фарзанди фарзонаи миллат, тоҷики асил ва содиқу ҷонфиду Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз талошу кӯшишҳои ин марди хирад барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки миллат имрӯз ба саодат расид ва кишвар тараққӣ кард. Маҳз формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон аз вартаи нобудӣ наҷот дода шуд. Сулҳ барои миллат хеле муҳим аст.  Сулҳ пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирифт ва дарро ба масири нави зиндагӣ кушод. Расул  Ғамзатов  адиби оламшумули доғистонӣ роҷеъ ба формулаи сулҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳори назар намуд буд: «…Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Точикистон ниҳоят мамнунам. Инсони бо ҷасорату хирадманд — Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад».

Қайд намудан зарур аст, ки маҳз формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмон миллатро ба саодат расонид ва мо набояд ин хидмати бузурги Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаромӯш созем.  Ҳамчунин, ин нуктаро ҳам бояд таъкид намуд, ки роҳи сулҳ ё худ ҳамон формулаи сулҳи Эмомалӣ Раҳмонро мо бояд ба насли ҷавон омӯзонем ва ин мактаби бузурги сиёсиро дар қалбу равони хеш ҷой диҳем. Гузаштан аз ин мактаб, ҳадди олии инсоният ва ё худ ҳамон истилоҳои дурусти тоҷикият мебошад. Бале, роҳи ин абармарди арсаи сиёсату хирад, эҳёгари давлати навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи худшиносиву ватандӯстӣ ва поктинативу покзодагист.  Ҳанӯз хеле барвақт собиқ котиби генералии Созмони миллали муттаҳид Кофи Анан таҷрибаи сулҳу оштии тоҷиконро дида, таъкид намуда буд, ки  «Тоҷикистон ба аксари кишварҳои дигар мисоли беназири ҳаллу фасли  низоъҳои дохилиро тақдим намуд. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳофаринӣ мебошад».

Дарвоқеъ, таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон метавонад барои ҳалли низоъҳо имрӯз ҳам дар бештари нукоти ҷаҳон истифода шавад, ки беназир ва натиҷадиҳанда мебошад. Ва ҳамзамон санҷидашуда аст. Воқеан корномаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мактаби комилан ҷадиди давлатдории навин мебошад ва баҳра гирифтан аз ин мактаб бар нафъи сиёсатмадорону ҷавонони ояндасоз хоҳад буд.  

Метавон гуфт, ки маҳз пас аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ санаи 27.06.1997с. дар шаҳри Маскав миллат аз парокандагӣ раҳо ёфт ва аниқтараш ба ваҳдат расид. Ваҳдати миллат ин ҳамдиливу якмаромӣ ва яктаниву яктинатии миллат аст. Аз ҳамин рӯз шурӯъ намуда, давлати муосири тоҷикон зери роҳбарии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи навро пеш гирифт ва ҳар лаҳза зиндагии мардум беҳтару хубтар мегардид. Зиндагӣ беҳтару осудатар гардид. Дубора ба дили миллат умед баргашт ва ҷомеа шаҳди истиқлолро бичашид. Ин аст, самараи сулҳу ваҳдат ва ҳамдиливу ҳаммаромии миллат. Пешрафту тараққиёти кишвар, сатҳу сифати зиндагии мардум ҳоло дигар он ҳад беҳтар гардидааст, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ касе умед надошт, лек феълан миллат дар рифоҳ аст. Тоҷикистон гул-гул шукуфон аст.

Агар сабру таҳаммул ва ҷонфидоии миллат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, ҷомеа ба имрӯз намерасид ва бад ин ҳад кишвар рушду тараққӣ намекард.

Шукр, имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст ва мақоми махсусеро касб намудааст, ки ин ҳам заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз, талошу ҷоннисориҳои Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикисони ҷангзада ба як давлати тараққикарда, пешрафта  ва амнтарин дар сайёра табдил ёфт. Нақш, ҷойгоҳ, мақом ва манзалати Тоҷикистон феълан дар сиёсати ҷаҳонӣ бо шарофати ташаббусҳои ҷаҳониву башардӯстонаи Сарвари маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле устувор ва қавист, ки ин ҳам ҳамон самараи истиқлол ва меваи иттиҳоду ҳамбастагиву ваҳдати миллат мебошад.

Албатта, дар ин муддати кӯтоҳ Тоҷикистон хеле рушд кард ва имконияти зиёде барои зиндагии арзанда ва олӣ муҳайё гардид, ки бар ин хандаи тифлону саодати шаҳрвандон ва парвози кабутарони сулҳ шаҳодат медиҳад. Муҳимтар аз ҳама бо расидан ба ваҳдати миллӣ, миллат дубора умеду орзу кард, дилҳои яхгашта, сардшуда дубора бар зиндагӣ гарм шуд. Ҷараёни тозаи зиндагӣ ба чашм расид, мардум худро инсон ҳис намуданд ва аз таваллуд шудани хеш шод гардиданд. Ҳарчанд дар он солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мардум аз таваллуд шудани хеш пушаймон шуда бошанд ҳам бо устувории сулҳ ва ваҳдати миллӣ халқ инсонвор зистанро оғоз намуд ва маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ қадру қимматаш боло рафт. Дақиқтар бигӯем тоҷику тоҷикистонӣ маҳз дар ҳамин давра ба орзуи хеш яъне инсони озод расид.

Ин баракати ваҳдат аст, ки феълан мо дар кишвари азизамон озодона зиндагӣ менамоем ва он ҳам анъанаҳои миллиро риоят менамоему ҳифз менамоем ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ин сайёра аз зиндагии шоиста лаззат мебарем. Ҳастанд қавму халқиятҳое, ки як лаҳзаина оромиву сулҳ ва суботи миллати моро орзу менамоянду дар ҳастра ҷон медиҳанд. Ин бахти баланди миллати тоҷик аст, ки ба чунин саодат ва сулҳ расиду Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорад. Шукр, ки миллат аз парокандагиву ҷудоӣ раҳо ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба баракати ваҳдат ва ороми субот чунин изҳори андеша намуда буданд: “Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қиммати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем. Зеро маҳз аз баракати муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ ва таъмини ризоияти ҷомеа мо, пеш аз ҳама тавонистем Истиқлолияти давлатӣ ва тамомиятарзишии Ватани азизамонро ҳифз намоем ва мардуми худро аз парокандагӣ эмин нигоҳ дорем”.

Оре,  ин вазифаи ҷонии мост, ки ин неъмати бузургро ҳифз намоем ва ҳар яке дар ҷойгоҳи хеш мунодии сулҳу ваҳдат бошем. Арзишҳои бузурги миллиро қадр намоем, тоҷикиятро фаромӯш насозему онро таблиғ намоем. Ғурури миллӣ бояд дошта бошем, то он ҳама ҳикмати давлати миллиро дарк намоем ва саодатмандона зиндагӣ кунем. Он чӣ имрӯз, моро муттаҳид сохтааст, ин ваҳдат аст, ин ҳамдилӣ ва ормони воҳиди миллисту ин ҳама бо шарофат ва даъвату худгузарии  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Сарвари маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки фарҳанги бузург, давлатдорӣ, анъана ва он ҳама одати миллии тоҷиконро эҳё созанд ва тоҷикро бо тоҷик шиносонанд. Хидматҳои ин абармарди арсаи сиёсат ва олами хирад дар зинда намудани давлатдории тоҷикон, шуурии милии тоҷикон, ғурури миллии тоҷикон забони миллӣ бениҳоят бузург ва сутуданист ва мешавад гуфт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро дубора ҷон бахшид.

Аз ин рӯ, насли ҷавонро зарур аст, ки барои пешрафти худ, барои бақои давлати миллӣ аз мактаби бузурги сулҳофаринии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар баҳра гиранд ва омӯзанд, ки ин як раҳнамо ва роҳкушо барои миллат  аст.

Давлатов Давлатмаҳмад

номзади илмҳои техникӣ, Раиси Иттифоқи муттаҳидаи касабаи ДКМТ