Раҳимов Ҳаётқул дар МИСИС пажӯҳиш мегузаронад

Дирӯз, омӯзгори фаъоли кафедраи металлургияи донишкада, олими ҷавон Раҳимов Ҳаётқул, ки барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия қарор дорад, бо муовини ректор оид ба таълими Донишкадаи МИСИС Петров Впдим Леонидович мулоқот намуд.
Мавсуф нахуст миннатдории раёсати донишкадаро барои ҳамкории пурсамар ба Петров Вадим Леонидович расонида, сипас ба хотири эҳтиром туҳфа тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки Раҳимов Ҳаётқул феълан дар арафаи дифои рисолаи номзадӣ қарор дорад ва барои гузаронидани корҳои озмоишгоҳӣ дар МИСИС ба Маскав сафар намудааст.
Ӯ аз ҷавонони фаъол ва пажӯҳишгари пешсаф буда, аллакай соҳиби як қатор патент барои ихтироъкорӣ низ мебошад.