ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕАИ БАШАРӢ

Дар оғоз мехостем, доир ба вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва паҳншавии босуръати зуҳуроти басо мураккаб ва барои ҷомеаи башарӣ даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ, экстремизм ва терроризми сиёсию миллатгароёна ва таърихи пайдоиши онҳо чанд сухан гўем. Сарвари давлати ҷавони мо Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо кормандони соҳаи прокуратура ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат таъкид намуданд:

«Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучанд тақозо мекунад.

Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд, пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти мўътадилу муназзами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вобастагии мустақим дорад».

Барои аҳли ҷомеаи мо равшан бод, ки чаро Президенти мамлакат оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир чунин бо хавотирӣ ва огаҳона сухан меронанду ҳушдор медиҳанд, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад, на танҳо ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми мо, балки ба аксари мамолики тараққиёбанда ва ё ақибмонда таъсири басо калон расонад. Яъне, ифротгароии миллию мазҳабӣ ва ривоҷ ёфтани терроризму экстремизм дар даҳсолаи охир на танҳо роҳбари хирадманди давлати моро, балки аксари сиёсатмадорони ҷаҳон ва инсонҳои ба сиёсатшиносию ҷомеашиносӣ машғулро низ ба ташвиш овардааст.

Пеш аз он ки дар бораи пешгирии ин гуна зуҳуроти номатлуб сухан ронем, барои худ зарур шуморидем, ки дар бораи таърихи пайдоиш, ташаккул ва ривоҷу паҳншавии ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм чанд сухан гўем. Ҳарчанд ин падидаи номатлуб аз даврони куҳан ва аҳди қадим вуҷуд дошту дар шаклу тарзҳои гуногун зуҳур мекард, аммо таърихнигорону сиёсатшиносони муосир ҳатто санаю санадҳои аниқу амиқи пайдоиш ва ташаккулу паҳншавии ифротгароӣ, экстремизм ва терроризмро дар замони муосир бозгў кардаанд, ки мухтасаран хонандагони гиромиро ошно месозем…

Ифротгароӣ ё худ экстремизм дар марҳилаи нави пайдоиш ва инкишофи сохти капиталистии ҷамъият аввалин маротиба солҳои 1798-1820 бо мақсади сарнагун намудани сохти давлатдорӣ дар Фаронса, Ирландия, Македония, Сербия, Италия, Испания ва як қатор давлатҳои дигар ба вуҷуд омадааст. Раванди дуюми хурўҷи терроризм ба охирҳои асри ХIХ рост меояд. (Барои исбот ва таҳлилу таҳқиқи ин гуфтаҳо далелу мисолҳои зиёде овардан мумкин аст, аммо мо худдорӣ мекунем, зеро ҳадафи мо бозгўи таърихи гузаштаи ин раванди номатлуб нест).

Марҳилаи нави терроризм аз солҳои 1960-1970 сар шуда, дар қарни ХХ, ки дар таърихи ҷаҳон чун асри тараққиёти басо босуръати тамоми соҳаҳои хоҷагии халқу техникаю технология ва тафаккуру шинохти ҷаҳон маҳсуб мешавад, «терроризми сиёсӣ» ном гирифтааст. Ин террор асосан баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон дар давлатҳое, ки иқтисодиёташон босуръат тараққӣ мекард ва сохторҳои иҷтимоии давлатдорӣ аз раванди иқтисодӣ қафо мемонданд, чун Итолиё, Олмон ва Япония пайдо шудааст. Дар ин давлатҳо ташкилотҳои террористии «Красные бригады», «Фраксия Красной Армии», «Японская Красная Армия» ва дигар ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ вазъияти сиёсии мамлакатҳои худро ноором месохтанд. Амалҳои террористии ин ташкилотҳо аз намуди террори инқилоби Фаронса сарчашма гирифта, ҳамчун воситаи муборизаи ғоявию сиёсӣ истифода мешуданд. Мақсади асосии онҳо ба ваҳму воҳима овардани аҳолӣ буд.

Зуҳури ифротгароӣ ва терроризм дар Тоҷикистон аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ яку якбора низоми маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати худро аз даст дод. Фалаҷ гардидани ҳокимияти давлатӣ, бўҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз назорат дур мондани таъмини амнияти давлатию ҷамъиятиро ба вуҷуд овард. Вазъияти баамаломада, ки идорааш аз ҷониби фишангҳои ҳокимияти иҷроия ва давлатӣ ғайриимкон гардид, ба он боис шуд, ки зуҳуроти таҳдид ва зўроварӣ дар ҷамъият ба худ роҳ кушояд.

Аз ин ҳолат намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ намуданд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба торҳои эҳсоси мазҳабию динӣ нохун зада, аҳолиро ба масҷидҳо ва тавассути онҳо ба фикри амалӣ намудани мақсаду мароми худ ҷалб намуданд. Албатта дар шароити номуайянӣ мардумро ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан душвор буд ва барои ин маблағҳои калонро масраф кардан лозим меомад. Аз ин лиҳоз, муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ва аҳли тақво ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии мамолики дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ муроҷиат намуданд.

Омўзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд. Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби мавзўънок бедор намоянд. Ташкил намудани конференсияҳои тематикӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои қайдгардида, дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад.

Зеро, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Инчунин, дар муассисаҳои таъли-мӣ бояд кори созмонҳои талабагӣ ва созмони ҷавонон ҷоннок ба роҳ монда шавад,чунки гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористиро имрўз ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст.

Хӯҷамов Ш. Э.

ассистенти кафедраи МО ва И