Шӯрои машваратии Донишкадаи Конфутсий: интихоби директори нав

Дирӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Шӯрои панҷуми машваратии Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ баргузор гардид, ки дар он ҳайатҳо аз ҷониби Тоҷикистон ва намояндагони Ҷумҳурии халқии Чин ширкат варзиданд.

Шӯроро ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон муҳтарам Фозилзода Мухтор ифтитоҳ намуда, нахуст аз бахшҳои самараноки ҳамкории кишварҳо сухан ронда, ба дипломатияи муваффақи Пешвои муаззами миллат барои рушди ҳамкориҳо дар ҷодаи фарҳангу маориф баҳои баланд доданд. Ва қайд намуданд, ки аз рӯзи таъсис то ба инҷониб садҳо донишҷӯёни донишкада тариқи омӯзиши забони чинӣ дар Донишкадаи Конфутсий ба Ҷумҳурии халқии Чин ба омӯзиш сафарбар гардидаанд, ки натиҷаи неки ҳамкории тарафҳо мебошад.

Сипас директори Донишкадаи Конфутсий Чэн Хунгбин доир ба фаъолияти худ ва корҳои анҷомдодаи донишкада дар давоми як сол  ҳисобот дода, дар ин давра ширкати донишҷӯён ва пурра фаро гирифтани ҳавасмандон ба омӯзиши забони чиниро дар шаҳри Бӯстон баҳои баланд дода, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҳамчунин, директори ҷониби тоҷикистонии Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ Розиқов Зафар оид ба рафти фаъолият ва бахши молиявии сохтор ҳисобот дода, чанд паҳлӯҳои муҳим ва роҳҳои дарёфти маблағро барои пешбурди кор зикр намуд. Инчунин Розиқов З дар бораи фаъолият ва нақшаи кории донишкадаи Конфутсий дар соли 2020 маълумот пешниҳод намуд.

Сипас бо таври ҷамъоварии оро директори нави Донишкадаи Конфутсий аз ҷониби Ҷумҳурии халқии Чин Жент Женгтиан, ки Донишкадаи фарҳанг ва санъати Маскавро хатм намудааст, интихоб гардид.

Дар сухани охирони худ директори Донишкадаи Конфутсий Чэн Хунгбин изҳор намуд, ки дар ин чанд соли фаъолият ман бо мардуми тоҷик унс гирифтаам ва мо фарҳанги ягона дорем ва бисёр одатҳои мо тавъам ҳастанд. Ӯ гуфт, Тоҷикистон беҳтарин кишварест, ки дар он фарҳангу санъат бемайлон рушд менамояд.

Дар охир ректори ДКМТ муҳтарам Фозилзода М. ба  Чэн Хунгбин барои фаъолияти пурсамар ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандаш ихтихорнома ва туҳфаи хотиравиро аз номи Донишкада ва ҳайати Тоҷикистон супориданд.

Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи Конфутсий аз соли 2015 инҷониб дар назди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон фаъолият менамояд ва ба омӯзиши забони чинӣ ва фарҳангу маънавиёт машғул аст.

Шуъбаи иттилоотӣ