Қайд кардан зарур аст, ки фаъолияти Шурои кураторон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи Низомномаи Шурои кураторони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории Шурои кураторон (сарпарастон) ба роҳ монда шудааст.
Дар оғози соли нави таҳсил бо пешниҳоди деканони факултетҳо аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба ҷиҳати расонидани ёрии амалӣ дар ҷодаи таълим ва тарбия дар ҳайати 23 нафар аъзои Шурои кураторон бо 4 комиссияи доимоамалкунанда, дар Донишкада ташкил карда шуд ва ин анъана ҳамасола дар оғози соли хониш такрор меёбад.
Фаъолияти Шурои кураторон мувофиқи нақшаи кории тасдиқгардида асосан масъалаҳои тартиб додани нақшаи кории Шурои кураторон, ташкил ва гузаронидани ҷаласаи Шурои кураторон, иштирок дар чорабиниҳои донишкадавӣ якҷоя бо кураторон ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, фаъол гардонидани донишҷӯён дар роҳи илмомӯзӣ, тарғиби корҳои манфиатбахш дар ҷанбҳаҳои мухталифи ҳаёти Донишкада, ташкили экскурсия ба ҷойҳои таърихӣ (якҷоя бо кураторон ва сарпарастони гурӯҳҳои академӣ), ташкил намудани семинари таълимӣ-тарбиявӣ дар мавзуъҳои мубрами рӯз, таҳлили ҷамъбасти ҳафтаи назоратӣ ва самараи кори кураторони гурӯҳҳои академӣ, кумак дар раванди таълим дар факултет барои донишҷӯёни курси якум ва монанди инро дар бар гирифта, барои ҷори намудани сиёсати ягонаи тарбиявӣ ва тарғиби ғояҳои волои инсонӣ саҳм мегузорад.
