Шӯрои занони донишкада ҷаласаи навбатии худро гузаронид

Имрӯз, тибқи қарори Шӯрои олимон ва дастури ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ Шӯрои занон ҷаласаи навбатии худро баргузор намуд. Нахуст ҷаласаро раиси Шӯрои занон Самадова Гулӣ ифтитоҳ намуда, мақсади гузаронидани ҷаласаро ташреҳ дод. Сипас, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аминҷонова Гулӣ суханронӣ намуда, дар масъалаи одобу интизом, риояи ахлоқи миллӣ, ҳимояи иффати занон ва либоси ягонаи корӣ суҳбат намуд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби омӯзгорзанҳо суолҳо пайдо гардид, ки ба ҳамаи саволҳои бонувон Аминҷонова М посух доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар донишкада Шӯрои занон фаъолият дорад ва ҳар моҳ ҷаласаҳои худро мегузаронад, ки дар ин бора қаблан низ ба хонандагони сомона иттилоъ дода будем.

 

Шуъбаи иттилоот