Ширкати тозакорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар поккории шаҳри Бӯстон

Бо супориши роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада кормандони шуъбаи корҳои маъмурӣ-хоҷагидорӣ барои тоза намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бӯстон, ки аз ҷониби МИҲД-и шаҳри Бӯстон ҷудо карда шуда буд, ҳудуди 10 километр аз саркӯчаи “Почтаи тоҷик” то Фурӯдгоҳи байналмиллалии Хуҷанд тозаву пок намуданд, мегӯяд сардори шуъбаи корҳои маъмурӣ-хоҷагидорӣ Ҷабборов А.А.

Дар ин ҳашари умумӣ кормандони донишкада, дарахтонро ба тартиб дароварданд, гулгоҳҳоро нарм намуда, хокаҳои нав рехтанд, ҳамчунин ях ва боқимондаҳои барфи зимистонаро ба партовгоҳ бурданд.

Ба иттилоои Ҷабборов А.А.  дар минтақаи ҷудошуда, кормандони донишкада, кулли кӯчаву хиёбонҳоро барои гузаронидани ҷашни Сада омода намуданд, ки дар ин маврид барои заҳмати софдилона ва садоқатмандона ба эшон изҳори сипос менамоем.

М. Сайидзода