Ширкати омӯзгорону донишҷӯёни донишкада дар семинари байналмиллалӣ

Санаи 05.02.2021 сол аз соати 14:00 то соати 17:00 дар доираи Лоиҳаи грантии Лоиҳаи мукаммалгардонии бакалавриат аз рӯи ихтисоси 42010104-металлургияи металҳои ранга дар асоси стандартҳои Ташаббуси Байналхалқии CDIOсеминар- тренинг дар мавзӯи “Особенности и пути реализации стандартов Международной Инициативы реформирования инженерного образования CDIO в учебном процессе” бо иштироки ҳамкорони байналмиллалии Донишкадаи Политехникии Порто-и Португалия дар кафедраи металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аз тарафи донишгоҳ – шарики лоиҳа, яъне аз Донишкадаи Политехникии Порто-и Португалия баромадкунандагон дар ҳайси:

  • профессор Хосе Карлос Куадрадо – Про-президенти Донишкада,
  • профессор Мария Эдуарда Пинто Ферейра – сардори шуъбаи таълими Донишкада,
  • профессор Ангело Мартинес иштирок кардаанд.

Дар рафти семинар – тренинг, аз тарафи баромадкунандагони дар боло зикршуда оид ба муҳимияти амалигардонии стандарти мазкур маълумотҳо, далелҳо ва татқиқотҳои ҷаҳонӣ пешниҳод намудаанд. Инчунин барои ворид кардани стандарти CDIO ба раванди таълими ихтисоси 42010104 – металлургияи металҳои ранга дастур ва масъалаҳои муҳими таълимиро мушаххас рӯшани андохтаанд.

Аз тарафи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, донишҷӯёни пешсафи ихтисоси 42010104 – металлургияи металҳои ранга ва омӯзгорону кормандон, аъзоёни раёсати донишкада иштирок карда, аз семинар – тренинги мазкур бо эҳсосоти баланд масъалаҳои муҳими ба роҳ мондани стандартҳои CDIO – ро дар раванди таълим огоҳи ёфтаанд.

Маълумот дар шакли суратҳо оид ба рафти семинар тренинг замима карда мешавад.

Декани факултаи металургия, 

н.и.т. профессори Академия илмҳои табиатшинсии Россия,

аъзои ассосиатсияи Таҳсилоти муҳандисии Россия (АИОР)

Менеҷери лоиҳа  Умарҷонов А.А.

06.02.2021 сол