Ду китоби тозанашр ба китобхонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон харидорӣ гардиданд

Ба китобхонаи илмӣ-электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ду асари тозатаълифи омӯзгорони ҳамин донишкада ворид гардидааст, мегӯяд директори китобхона Танжихолова Шаҳнозабону.

Тибқи иттилои дарёфтӣ ду китоб бо номҳои “Тадқиқи дақиқи коркард ҳангоми харошкории  даврагии беруна” аз дотсенти кафедраи таҷҳизот ва   технологияи мошинсозӣ Мирзомидинов И.М.   ва  “Дастурамал оид ба истифодаи барномаи  Mathcad” аз муаллифон Туев Ш.Ш. ва Саидов А.Қ.   дар китобхонаи мазкур ба миқдори 100 нусхагӣ ворид карда шуданд.

Имрӯз, имконияти китобхонаи донишкада хеле фарох гардидааст, ки акнун донишҷӯён метавонанд, анқариб ҳамаи китобҳоро бо забони давлатӣ дастрас намуда, истифода баранд.

М. Сайидзода