Ширкати омӯзгорони донишкада дар Форуми миллии машваратӣ таҳти унвони “Таҳияи харитаи роҳи миллии рақамикунонии соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Имрӯз, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе Форуми миллии машваратӣ таҳти унвони “Таҳияи харитаи роҳи миллии рақамикунонии соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, омӯзгори кафедраи таъминоти барқ Бобоев Шӯҳрат ва дигар омӯзгорон ширкат намуданд. Форумро нахуст вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Муҳаммадюсуф Имомзода оғоз бахшида, роҷеъ ба амалигардидани лоиҳаи рақамикунонии соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ сухан гуфт. Сипас, татбиқи ин лоиҳаро муҳим арзёбӣ намуд…

Чорабинии имрӯза имкон медиҳад, ки ҷонибҳои манфиатдор барои иштирок дар муҳокимаи ҳадафҳои харитаи роҳ, инъикоси ӯҳдадориҳои худ ва муштарак дар робита ба ин раванд ва пайвастан ба амалҳои мушаххас оид ба баланд бардоштани таъсир ва миқёси табдили рақамӣ дар кишвар ҳамкорӣ намоянд.

Бо дастгирии техникии шарикони рушд, ин чорчӯбаи стратегӣ ва амалиётӣ, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳои таълимӣ бо таваҷҷуҳ ба роҳҳои ҳалли рақамӣ нигаронида шудааст, бо сармоягузориҳои банақшагирифташуда ба инфрасохтор ва таҷҳизоти рақамӣ ҳамроҳ карда мешавад.

Дар ин форум тақрибан 250 нафар, аз ҷумла намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо ва кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, роҳбарони зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои маориф, ректорони донишгоҳҳо, директорони мактабҳои ҷумҳуриявию ва хусусӣ иштирок доранд.

Ҳадаф аз баргузории Форум мусоидат намудан ба ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар раванди таҳияи харитаи роҳ, аз ҷумла бахши хусусӣ, намоиши таҷрибаҳои беҳтарини миллӣ ва ташаббусҳои ҷорӣ дар табдилдиҳии рақамӣ дар бахши маориф, тасдиқи ҳадафҳо ва диди нақшаи ҷорӣ, аз ҷумла муҳокима дар гурӯҳҳои корӣ ва муаррифии мавзуъҳои таҳияшуда ва таъмини ӯҳдадориҳои миллӣ оид ба татбиқи харитаи роҳи миллӣ ҳам дар сатҳи сиёсат ва ҳам дар сатҳи татбиқ мебошад.

Ҳадафи харитаи роҳ устуворона пешбурди тағйироти рақамӣ дар бахши маориф мебошад. Он дар ҳамкорӣ ва таҳти роҳбарии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, заминаи стратегӣ ва амалиро барои ноил шудан ба ҳадафҳои таълимӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳалли рақамӣ фароҳам меорад. Аз ҷумла, он маълумот медиҳад, ки чӣ гуна таҷҳизоти таълимӣ самаранок ва устувор истифода бурда шавад ва омӯзиши рақамӣ дар бахши маориф бо ҷалби ҷонибҳои асосии манфиатдор суръат бахшад. Он қадамҳои мушаххасро барои пешбурди роҳҳои ҳалли рақамӣ дар Тоҷикистон мутобиқ ба таҷрибаҳои беҳтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муайян мекунад, навиштааст Маркази хадамоти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.