Ширкати олимони донишкада дар вебинари байналмиллалӣ

Дирӯз,  дар толори видеоконфронсзали Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон омӯзгорон, аспирантон ва магистрон дар онлайн-вебинари байналмиллалӣ таҳти унвони “ИНДЕКСИ ХИРШ – ЯКЕ АЗ НИШОНДИХАНДАХОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ОЛИМ” (“ИНДЕКС ХИРША КАК ОДИН ИЗ ГЛАВНЫХ ПОКАЗАТЕЛЕЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ УЧЕНОГО”) иштирок намуданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо иттилоъ дод.
Денис Глушко, директори ширкати “Научные Публикации Украина” дар сухани ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки: “Ширкати консалтингии «Scientific Publications Ukraine» пешсафи соҳаи илмометрия мебошад. Дар тӯли солҳои зиёд мо ба ҷомеаи илмӣ хидматҳои беҳамто ва баландсифати миёнаравии нашри илмиро пешкаш менамоем.
Ширкат ба шарофати лоиҳаҳои бомуваффақият татбиқшавандаи таҳқиқотӣ, имзои меморандумҳо бо донишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ ва ҳамчунин тавсияҳои муштариёни қаноатманд , нуфузи идеалии худро тасдиқ менамояд. Мутахассисони ширкат мушкилот ва лоиҳаҳои сатҳи мураккабтаринро дар маҷаллаҳое, ки ба Scopus ва Web of Science дохил шудаанд, амалӣ мекунанд. Дониш, таҷриба ва принсипҳои асосии ҳамкорӣ (эҳтиром ба муаллиф, амалҳои шаффоф ва ошкоро), ки дар тӯли солҳои зиёд дар самти нашриёт ба даст оварда шудаанд, ба ҳалли бомуваффақияти мушкилоти мураккаб мусоидат менамоянд. Ҳадафи афзалиятноки ширкати мо рушди соҳаи илмометрия ва илм тавассути кӯмаки машваратӣ ба олимон, ташкилотҳои илмӣ ва донишгоҳҳо мебошад. Мутахассисони мо, пайваста семинарҳо, вебинарҳо, конфронсҳо мегузаронанд ва боиси ифтихор аст, ки аввалин маҷалларо дар Украина таҳти унвони «Илм ва метрика» нашр мекунанд, барои муколамаи конструктивии олимон оид ба мавзӯъҳои актуалии соҳаи таҳқиқот, Интернетпортали махсусро ташкил намудааст”.
Дар вебинар мавзӯъҳои зерин дида баромада шуд: нишондиҳандаҳои асосии илмӣ: h-index, индекси иқтибос ва ғ., ҳама маълумот дар бораи индекси Хирша: таъриф, ҳисоб, нозукиҳо, рейтингҳои ҷаҳонӣ QS, THE. Чаро ин муҳим аст ва чӣ гуна ба он ҷо расидан мумкин аст? Ҳамзамон, ба олимони ҷавони муассиса 

тавсияҳо дар бораи баланд бардоштани нишондиҳандаҳои илмӣ дода шуд.

Аз  Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар вебинари мазкур муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ-Умарҷонов А.А., сардори раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Ш.К., и.в. сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Раҳимзода Ҳ.Р., муовинони деканҳои факултетҳо, магистрон ва олимони ҷавон ширкат варзиданд.