Ширкати декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули дар конфронси шаҳри Тошканд

Ҳафтаи гузашта  декани факултети корҳои кӯҳӣ дотсент Самадова Гули дар конфронсе роҷеъ ба ҳалли муаммоҳои  коркарди канданиҳои фоиданок ва имкониятҳои металлургия, ки   Донишгоҳи техникии Ӯзбекистон ба номи Ислом Каримов дар шаҳри Тошканд баргузор намудааст,  ширкат намуда, суханронӣ кард.

Самадова Гули дар конфронси мазкур нахуст аз имкониятҳои Тоҷикистон ёдовар шуда, сипас дар бораи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва мутахассисони  соҳаи коркарди канданиҳои фоиданок гуфта, аз тарзу усули таълиму тадрис ва омода гардидани мутахассисон ва таҷрибаи нодир мисолҳо овард.

Ҳамзамон, пас аз кори конфронси мазкур Самадова Гули бо ҳайати баландпояи донишгоҳи мазкур оид ба ҳамкориҳо ва табодули тарҷиба сухан гуфта, тақозои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд гардид.

Шуъбаи иттилоот