Шиносои донишҷӯён бо таҷҳизотҳо дар ҶДММ “Созиш”

Дирӯз, донишҷӯёни ихтисоси таҷҳизоти мошинсозиро мудири кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ ба корхонаи соҳавии ҶДММ “Созиш” бурда аз наздик бо коргоҳ ва таҷҳизоти он шинос намуданд. Зимни боздид директори корхонаи мазкур Калонов Рустамҷон Ғуломович донишҷӯёнро бо рафти кори сехҳои коркарди механикӣ, рехтагарӣ, кафшергарӣ, дасгоҳи фрезерии бо  идоракунии рақамии барномавӣ (ИРБ) дар умум ба таври комил аз  раванди технологӣ шинос намуд.  Дар рафти шиносоӣ донишҷӯён донишҳои назариявии хешро дар амалия дақиқ намуданд. Зимни боздид донишҷӯён суолҳо медоданд ва малакаи хешро  бо ин роҳ такмил медоданд ва тасаввуроташон низ тағйир меёфт. 

Ёдовар мешавем, ки фаъолияти корхонаи мазкур  аз рӯи самти ихтисоси технологияи мошинсозӣ   пурра ба донишҷӯён мувофиыат мекунад. Дар интиҳои ин боздиди кӯтоҳ 4 нафар донишҷӯён мақсад гузоштанд, ки баъд аз шинос шудан бо рафти фаъолияти корхона,дар оянда таҷрибаомӯзии пеш аз хатми хешро дар ин корхона давом медиҳанд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедраи мазкур Қобилов Валӣ иттилоъ дод.