Дарси кушоди омӯзгори фаъол Ашӯров Хайриддин

Дирӯз, дар утоқи озмоишгоҳи маҷозии донишкада дарси кушоди омӯзгори ҷавон ва фаъол Ашӯров Хайриддин аз фанни “Технологияи информатсионӣ дар соҳаи бехатарии экологӣ” баргузор гардид. Дарсро номзади илмҳои техникӣ олими ҷавон Ашӯров Хайриддин оғоз намуда, бо истифода аз таҷҳизоти ёрирасони дарсӣ ба донишҷӯён мавзӯъро фаҳмонида, чанд машғулият дод, то онҳо ба тариқи комптютер машқҳоро иҷро намоянд.  Зимни баргузории дарс навгониҳои техникӣ, формулаи махсуси фаҳмондадиҳии омӯзгори ҷавон мушоҳида мешуд ва маълум буд, ки донишҷӯён аз рафти дарс хеле лаззат мебаранд.   Ҳамчунин, донишҷӯён ба суолҳо фавран посух дода, талош менамуданд, то бо  шавқи бештар дарси омӯзгор Ашӯров Хайриддинро гӯш бидиҳанд. 

Ёдовар мешавем, ки дар дарси кушоди мазкур декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолиддин, мудири кафедраи математика ва информатика номзади илмҳои техникӣ  Тӯев Шоҳин, сардори БИСТ Юсупов Хуршед ва омӯзгорон Ҳоҷибоев Д. ва дигарон ширкат намуданд.

Ҳозирин ба раванди дарсгузарӣ Ашӯров Хайриддин баҳои баланд дода, тавсия доданд, ки ин методи нави таълим, ки бар манфиати донишҷӯён аст, бояд васеъ истифода бурда шавад.