Шӯрои илмӣ-методӣ баргузор гардид

Дирӯз, бо ширкати муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин Шӯрои илмӣ-методии донишкада баргузор гардид. Дар Шӯрои мазкур чанд масъала роҷеъ ба китобҳои дарсӣ, нашри мақолаҳои соҳавӣ, баланд бардории сифати таҳсилот ва ҳамчунин зиёд намудани озмоишгоҳҳо баррасӣ карда шуд.

Ҳамзамон, роҷеъ ба фиристонидани чандин китобҳои таълифёфта ба Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо қабул карда шуд.

Шуъбаи иттилоот