Шанбегӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тибқи нақша-чорабиниҳои ободонӣ ва дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ шанбегии умумӣ гузаронида шуд. Дар шанбегии имрӯза тамоми омӯзгорону донишҷӯён ва донишҷӯён фаъолона ширкат намуда, гирду атрофи бинои донишкада, роҳравҳо ва дигар гулгаштҳои шафати донишкадаро аз партовҳо тозаву покиза намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар донишкада дар ин рӯз як қатор заминҳои бекорхобида коркард карда шуданд, ки минбаъд барои истифода омода мебошанд.